Дар шаҳри Москва ду нафар нашъаҷаллобон аз Ӯзбекистон дастгир гардиданд

0
1567
C

Кормандони Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва як мард ва як занро барои фурӯши героин дастгир намуданд.

Тавре роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати ХФНММН дар шаҳри Москва Елена Соснина шарҳ дод, гумонбаршудагон – зодагони шаҳри Самарқанд, соли таваллудашон 1994 ва 1997 мебошанд. Ҳар ду дар қаламрави Россия ғайриқонунӣ қарор доштанд. Ҳангоме ки кормандони оперативӣ занро дастгир намуданд, аз ӯ як баста бо героин бо вазни 15 грамм ошкор намуданд. Дар ҳамин ҳол ҳамманзили ӯ героинро бар мекашид ва дар ҷои содир намудани ҷиноят дастгир гардид. Ҳангоми азназаргузаронии манзили зисти онҳо дар кӯчаи Мневники тақрибан се кг героин дарёфт гардид. Як қисми маводи нашъаовар барои фурӯш омода шуда буд. Инчунин тарозуи электронӣ, дастоси қаҳва ва маводи борпечонӣ мусодира гардид.

Бино ба гуфти Соснина, дар рафти тафтишот зани гумонбар кӯшиш дошт ҳаммаслаки худро тарафгирӣ намояд ва хабар дод, ки ӯ ҷиянаш мебошад ва ба Москва барои пулкоркунӣ омадааст. Инчунин гуфт, ки дар ватанаш ӯро барои фурӯши героин ҷалб намуда буданд. Ҳар моҳ ба ӯ 600 доллар музд медоданд.

Ҳар ду гумонбар таҳти тафтишот қарор доранд. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи Кодекси Ҷиноятӣ “Фурӯши маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон” оғоз карда шудааст. Ҷазо барои ин ҷиноят то 20 сол маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси умрбодро пешбинӣ намудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД