Дар Москва шаҳрванди Ӯзбекистон бо маводи нашъаовар ба миқдори 1 миллион рубли Россия дастгир гардид

0
1409

Кормандони Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистонро бо миқдори калони маводи нашъаовар дастгир намуданд. “Аз ӯ героин ба маблағи 1 млн. рубли Россия дарёфт гардид, – менависад нашрияи “Биржевой лидер” дар фасли “Новости Узбекистана”.

Дар Хадамоти Федералии Россия оид ба назорати маводи нашъаовар маводи нашъадорро дар 233 баста бар кашида нишон доданд.

Тибқи маълумоти кормандони Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар чунин миқдори маводи нашъадор дар “бозори сиёҳ” зиёда аз 1 млн. рубли Россияро ташкил медиҳад.

Тибқи ахборот, Лазиз Хушназарови 32-сола манзили якҳуҷрагиро дар ноҳияи Таганскии шаҳри Москва иҷора гирифта, героинро бо вояҳои хурд мефурӯхт.

Намояндаи Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва баён намуд:

-Боздоштшуда ҳамарӯза дар 50-60 ҷойҳо маводи нашъадорро ғайриқонунӣ мефурӯхт. Экспертиза маълум намуд, ки маводи дар баста буда ин героин мебошад, – мегӯяд ӯ.

Лазиз Хушназаров аз ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ду ҳафта пеш зери назорати кормандони оперативӣ қарор дошт.

-Тибқи гуфтаҳои Сергей Кондрин, ҳангоми дастгир шудан шаҳрванди Ӯзбекистон зуд ба кормандони оперативӣ ҷои пинҳон кардаи маводи нашъаоварро ошкор намуд.

Маводи нашъаовари мусодирашуда ба маблағи 1 млн. рубли Россия рост меояд. Маводи нашъаовари аз 1 кг зиёд – миқдори калон ҳисоб мешавад ва ҳаракати дастгиршуда бо моддаи 228 қ. 5 КҶ ФР дида баромада мешавад, – мегӯяд Сергей Кондрин, ки суд метавонад ӯро ба мӯҳлати 20 сол ё ин ки якумра аз озодӣ маҳрум намояд.

Тибқи маълумоти кормандони оперативӣ, Лазиз мегӯяд, ки маводи нашъаоварро аз кӯча дарёфт кардааст ва барои манфиати шахсии худаш истифода мекард. Маълум гардид, ки Лазиз пеш аз ин барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст.

Худи ҳамон вақт маълум гардид, ки дар ноҳияи Наро-Фомински вилояти Москва дар шаҳраки Апрелевка шаҳрванди дигари Ӯзбекистон, ки ба ҳайси дарбон фаъолият мекард, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид.

Тибқи маълумоти Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар соли 2014 дар Россия аз истеъмоли маводи нашъаовар зиёда аз 90 ҳазор одамон фавтидаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД