Дар шаҳри Москва нашъаҷаллоб аз Ӯзбекистон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт гардид

0
1241
C

Дар шаҳри Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо миқдори калони героин дастгир намуданд. Ӯ дар маркази шаҳр хонаро иҷора гирифта, бо фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буд.
Тибқи маълумоти муовини сардори Хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти Федералии Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва Сергей Кондрин, боздоштшуда – Л. Шухназарови 32 сола, зодаи шаҳри Самарқанд дар як шабонарӯз то 60 воя героинро мефурӯхт.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ нашъаҷаллоб дастгир гардид. Маълум гашт, ки дастгиршуда пештар барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шуда будааст.
Арзиши маводи боздоштшуда зиёда аз 1 миллион рубли Россияро ташкил менамояд. Шухназаровро то 20 сол маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД