Дар Панҷи поён офиси ҳамкории сарҳадӣ кушода шуд

0
1309

17 март дар нуқтаи гузаргоҳии «Панҷи поён” маросими расмии кушодашавии Офиси навбатии ҳамкории сарҳадӣ баргузор гардид, ки дар он Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, Сафири Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Камада Такаши, роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Киёши Ишии, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон иштирок карда, баромад намуданд.

Дар чорчӯбаи Лоиҳаи XAC/K22 «Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани офисҳои ҳамкории сарҳадӣ” ба маблағҳои ҷудо шуда иморати Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаи гузаргоҳи “Панҷи поён” аз таъмир бароварда, ба истифода дода шуд, инчунин таҷҳизоти лозима барои хизмати кормандони Офис харидорӣ карда шуд.

Дар Офис намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хизмат хоҳанд намуд. Мақсади созмон додани Офисҳо дар баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи ҳамкории судманди кормандони мақомоти зерин дар нуқтаҳои Сарҳади давлатӣ мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД