Дар Новосибирск муҳоҷири меҳнатии 19-соларо аз Қирғизистон бо вояи ҳазоркаратаи героин дастгир намуданд

0
1353

Аз зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми кофтуков зиёда аз 100 грамм героинро дарёфт намуданд, ки барои фурӯш омода шуда буд.

Гумонбаршуда ҳангоми омода намудани махфигоҳ дар манзили истиқоматӣ дастгир гардид.

Натиҷаи ташхиси кимиёвӣ нишон дод, ки дар ҳолати ба “бозори сиёҳ” баровардани героин, аз он 1 ҳазор вояи яккарата омода кардан мумкин буд.

Муайян карда шуд, ки зодаи Қирғизистон ба Новосибирск моҳи январи соли ҷорӣ бо мақсади ба кор даромадан омада буд, аммо ӯ ба қайди муҳоҷирӣ наистод. Ба ғайр аз ин муҳоҷир барои меҳнат ва зист иҷозат надошт ва қарор намуд, ки бо фурӯши маводи нашъаовар машғул шавад.

Ӯро бист соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД