Дар вилояти Новосибирск панҷ шаҳрванди Кирғизистон барои қочоқи героин дастгир шуданд

0
1360

Кормандони Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ва Хадамоти Федералии Амният дар вилояти Новосибирск фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи этникиро, ки қочоқи героинро ташкил карда буданд, қатъ намуданд.

Дар рафти гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ панҷ нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизстон – аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпеша, ки қочоқи героини тозаро аз Осиёи Миёна ба роҳ монда буданд, дастгир гардиданд. Тавре дастгиршудагон нишон доданд, онҳо ба Новосибирск бо мақсади бо кор таъмин гаштан омада буданд, аммо тавре тафтишот муайян намуд, онҳо барои гирифтани иҷозатномаи кор муроҷиат накарданд.

Ҳангоми кофтуков дар манзиле, ки онҳо иҷора гирифта буданд, кормандони оперативӣ тақрибан 4,5 кг героини тоза, ки барои фурӯш омода шуда буд, инчунин тарозу, 20 сим-корт, 4 телефони мобилӣ ва кортҳои банкӣ дарёфт намуданд. Ба тариқи кортҳои бонкӣ бо харидорон ҳисобу китоб карда мешуд.

Маводи нашъаовари мусодира гашта дар борпечи завод бо тамға ва мӯҳри яке аз истеҳсолкунандагони афғонӣ мавҷуд буд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД