Ҷаласаи гурӯҳи Авруосиё дар Ню-Дели

0
2109

    Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Ню-Делии Ҷумҳурии Ҳиндустон 25-умин Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авроосиё (ГАО) дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Кумитаи зиддитеррористии СММ, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иштирок намуд. Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, мубориза бар зидди маблағгузории терроризмро баррасӣ намуданд. Инчунин дар ҷаласа масоили интихоби муовини раис, ҳисобот оиди муқовимат ба маблағгузории тиҷорати маводи нашъаовар, ҷинояткорӣ ва терроризм, ба қайд гирифтани Созишномаи Гурӯҳи Авроосиё дар Котиботи СММ, буҷети Гурӯҳи Авроосиё, инчунин муроҷиати Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) дар хусуси ба ин ташкилот додани мақоми мушоҳидачӣ дар Гурӯҳи Авроосиё мавриди муҳокима қарор гирифт. Ахбороти давлатҳои аъзо оиди тағйироти қонунгузории миллӣ дар соҳаи муқовимат бо қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шунида шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД