Дар вилояти Одесса миқдори калони героин ба маблағи 1,4 миллиард гривен мусодира гарди

0
1362

Кормандони Хадамоти бехатарии Украина бо мусоидати кормандони Хадамоти давлатии сарҳадӣ ва Хадамоти хазинаи давлатӣ, инчунин Хадамоти махсуси хориҷӣ дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Иличевски вилояти Одесса 500 кг героинро боздошт ва мусодира намуданд.

Тавре, ки дар маркази матбуоти Хадамати бехатарии Украина ба “ФАКТАМ” иттилоъ доданд, роҳи транзитии қочоқи героин аз Шарқи Наздик ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (Эрон – Туркия – Украина – Полша) ошкор гардид.

Нимтонна бори мамнуъ ба Украина тавассути дидбонгоҳи гумрукии “Иличевск”–и Хадамоти гумруки Одесса дар киштии “Cheng A” ворид гардид. Маводи мухаддир дар мошини боркаш дар лӯлаҳои гидроизалятсионии битумӣ ҷойгир шуда буданд. Ин лӯлаҳоро ҷинояткорон махсус нишонгузорӣ карда буданд. Чуноне, ки баъдан маълум гардид, нашъаҷалобон ният доштанд маводро аз Украина ба Полша тавассути нуқтаи назорати гузаргоҳии “Ягодин” интиқол диҳанд.

Миқдори калони героини мусодирашуда –барои Украинаи соҳибистиқлол рекордист, қайд менамоянд дар ХБУ. Ин тақрибан 1,5 миллион воя аст, ки дар бозори ғайриқонунӣ нархаш 1,4 миллиард гривенро ташкил медиҳад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД