Созмони Милали Муттаҳид оиди коҳиши кишти кӯкнор дар Афғонистон иттило медиҳад

0
1680

Соли ҷорӣ дар Афғонистон 19% коҳиш ёфтани кишти кӯкнор дар қиёс бо соли 2014 ба назар мерасад. Дар 183 ҳазор гектар майдони Афғонистон кӯкнор кишт карда шуд.

Дар ин бора дар маърӯзаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки ба мониторинги истеҳсоли кӯкнор дар Афғонистон дар соли 2015 бахшида шудааст, хабар дода мешавад.


Маърӯза 14 октябр дар шаҳри Кобул дар якҷоягӣ бо Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири Афғонистон пешкаш гардид. Муаллифони маърӯза қайд менамоянд, ки коҳиши кишти кӯкнор дар Афғонистон бори аввал аз соли 2009 мушоҳида мегардад.

“Ман боварии комил дорам, ки ин шарҳ барои кормандони полис сарчашмаи иттилоот мегардад ва боиси рушд дар ин самт хоҳад гардид” – изҳор намуд Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов.

Дар тадқиқот оварда шудааст, ки соли 2015 дар майдонҳои Афғонистон метавонад 3 300 тонна кӯкнори афюн ҷамъоварӣ карда шавад. Ин назар ба соли гузашта 48% кам мебошад, ки он вақт ин рақам ба 6 400 тонна расида буд. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 18,3 килограмм афюн ҳосил бардошта шуд, соли гузашта бошад – 28,7 килограмм.

47 % кишти кӯкнор дар соли 2015 ба вилояти Ҳилманд рост меояд.

Дар байни вилоятҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, вазъият ба куллӣ тағйир наёфтааст: дар вилоятҳои Қундуз ва Тахор кишти кӯкнор ба назар намерасад. Дар вилояти Бадахшон кишти кӯкнор ба 4% коҳиш ёфт. Дар вилояти Балх, ки то соли 2014 кӯкнор кишт намегардид, имсол дар майдони 204 гектар кӯкнор кишт карда шуд.

Коҳиши истеҳсоли кӯкнор дар Афғонистон дар соли ҷорӣ бо ҳосили паст, инчунин коҳиш ва несту нобуд сохтани майдонҳои кишт вобаста мебошад. Соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар майдони 3 760 гектар кишти кӯкнорро несту нобуд сохтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД