Дар Панҷакент се нафар нашъаҷаллобон дастгир гардиданд

0
1178

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда гашиш мебошад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ боз ду нафар сокини маҳаллӣ дастгир гардиданд, ки маводи нашъаовар аз онҳо харидорӣ карда шуда буд. Айни ҳол тафтишот иштирокчиёни боқимондаи ҷиноятро муайян намуда истодааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъбаи байниноҳиявӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД