Дар Панҷакент нашъаҷаллоби қаблан суд шуда дастгир гардид

0
1173

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар сокинони маҳаллӣ дастгир карда шуданд, ки аз онҳо як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи экспертиза, маводи мусодирашуда афюн мебошад.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, яке аз дастгиршудагон қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст, аммо пас аз адо намудани ҷазо боз даст ба ҷиноят задааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД