Дар Панҷакент нашъаҷаллоби қаблан суд шуда дастгир гардид

0
1539

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он тақрибан 500 граммро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда қаблан барои даст доштан ба маводи нашъовар  суд шуда будааст, ва ба озодӣ баромада, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул шавад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслаки ӯ – сокини деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент дастгир гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД