Дар вилояти Пензаи Россия шаҳрванди Ӯзбекистон барои фурӯши маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1187
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Аз тарафи кормандони Хадамоти Федералии назорати муомилоти маводи нашъаовари Россия дар вилояти Пенза шаҳрванди Ӯзбекистон, ки бо фурӯши маводи нашъаовари дизайнерӣ машғул буд, дастгир гардид.

Ӯ маводи нашъаоварро харидорӣ менамуд, як қисмашро худаш истеъмол намуда, боқимондаашро ба нашъамандон мефурӯхт. Сокини 37-солаи Ӯзбекистон бо номи Рустам ба ғайр аз кори асосӣ дар сохтмони шаҳри Пенза инчунин бо фурӯши маводи нашъаовар машғул буд.

Кормандони оперативӣ ӯро ҳангоми фурӯши маводи нашъаовар дастгир намуданд, гарчанде ӯ чораҳои махфиро риоя менамуд.

“Пеш аз он, ки ба назди харидорон барояд, Рустам кӯчаро аз назар мегузаронид. Нигоҳ мекард, ки оё шахсони бегона аз паси ӯ мушоҳида доранд ё не. Пас аз он, ки боварӣ ҳосил менамуд, ки аз қафои ӯ касе мушоҳида надорад, бо мизоҷонаш мулоқот мекард” – нақл менамояд котиби матбуотии РХФНММН дар вилояти Пенза Елена Саморукова.

Аммо “соҳибкори корчаллон” таҳти назорати қатъӣ буд. Дар давоми марҳилаи кӯтоҳ кормандони Хадамот чор ҳолати фурӯши маводи нашъаоварро қайд намуданд. Ҳоло фурӯшанда судро интизор аст. Барои паҳн намудани маводи нашъаовар метавонад 20 сол аз озодӣ маҳрум гардад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД