Дар рӯзҳои аввали моҳи октябр се ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид

0
1391

Дар рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков дар хонаи номбурда бо истифода аз саги хизматӣ якчанд адад баста бо героин, гашиш ва афюн бо вазни умумии 300 грамм ошкор гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсат сокини 42-соларо дастгир намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари гашиш мусодира гардид.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар дар хонаи сокини 47-солаи ноҳия кофтуков гузарониданд, ки дар натиҷаи он маводи нашъаовари героин ва гашиш ошкор гардид.

Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД