ДАР БУХОРИИ МАХСУСИ АГЕНТӢ МИҚДОРИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАОВАР СӮЗОНИДА ШУД   

0
522

25 апрели соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бухории махсуси Агентӣ 363 килограмму 808 гр. маводи нашъаовар, аз ҷумла: 71 кг 705 гр героин, 181 кг 103 гр афюн, 38 кг 977 гр ҳашиш, 71 кг 997 гр бангдона ва 2,997 гр ҳабҳои МДМА, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар бухории Агентӣ 1 тоннаву 121 кг маводи нашъаовар сӯзонида нобуд карда шуд.

Маводҳои мазкур, дар рафти баргузории амалиётҳои оперативӣ ва заҳмату талошҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук мусодира гардида дар анбори Агентӣ нигоҳ дошта мешуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД