Дар Подмосковие гурӯҳи нашъаҷаллобон дастгир гардиданд, ки ба он ду зан – шаҳрвандони Қирғизистон шомил буданд

0
1114

Дар Подмосковие гурӯҳи нашъаҷаллобон дастгир гардиданд, ки ба он ду зан – шаҳрвандони Қирғизистон шомил буданд. Дар ин бора Васоити ахбори оммаи Россия хабар медиҳанд.

Тавре қайд мегардад, аз аъзоёни гурӯҳи муташакили этникии ҷиноӣ дар деҳаи Реутовои назди Москва тақрибан 3 кг героин мусодира гардид.

Кормандони Хадамоти Федералии Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар бораи гурӯҳе иттилоот гирифтанд, ки бо паҳн намудани героин машғул буданд. Ҳангоми тафтиш муайян гардид, ки ба гурӯҳ се мард ва ду зан шомил буданд – ҳамаи онҳо аҳли кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Мардон маводи нашъаоварро ба “мизоҷон” тақсим мекарданд. Онҳоро дар наздикии манзилашон дастгир намуданд, боқимондагонро – дар хонаи иҷора дар наздикии Реутово, қайд гардид дар хабар.

“Героин дар манзил дар ҳама ҷо буд: дар дохили ҷевон, плитаи газ дар ошхона, ҳатто дар дохили мошинаи дарздӯзӣ. Дар ӯтоқи дигар раванди баркашӣ, омехтакунӣ ва борбандӣ давом дошт. Тарозу, халтаҳои полиэтиленӣ, ресмон барои борпечонӣ, тағора бо героин омода карда шуда буд. Вазни умумии героини мусодира шуда тақрибан 3 килограммро ташкил дод” – гуфта мешавад дар хабари Хадамот.

Айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, масъалаи чораҳои пешгирӣ нисбати дастгиршудагон ҳал шуда истодааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД