Дар Полша миқдори калони кокаин ба маблағи 27 миллион евро дастгир гардид

0
1183

Дар канори Варшава полиси Полша миқдори калони кокаинро дастгир намуд. Дар натиҷаи амалиёти махсус дар анбори фурӯши яклухт 178 кг маводи нашъаовар дастгир гардид, ки дар мошини боркаш дар байни банан пинҳон шуда буд. Кормандони полис ронандаи 40-солаи мошинро низ дастгир намуданд, ки ӯро 3 соли ҳабс интизор аст.

Котиби матбуотии полиси Варшава Мариуш Мрозек баён намуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол чунин миқдори калони кокаинро дастгир накарда буданд: 90%-и бор кокаини тоза будааст.

Кокаин ба Полша аз Колумбия тариқи Белгия интиқол мегардад. Эҳтимол мегардад, ки кокаинро ба Аврупои Ғарбӣ мехостанд интиқол диҳанд, чунки бозори маводи нашъаовари Полша барои чунин миқдори калони кокаин омода нест.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД