Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиддинашъамандӣ давом доранд

0
1356

Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиддинашъамандии оммавӣ-фарҳангӣ ва варзиширо гузаронида истодаанд. Мақсади баргузории чорабиниҳо – тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккул додани муносибати манфӣ нисбати истеъмоли маводи мухаддир мебошад.

Чунин чорабинии зиддинашъамандӣ 19 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷиргатол оғоз шуда, 20 сентябр дар ноҳияи Тоҷикобод ва рӯзи 21 -уми сентябр дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.

Дар маҳфилҳои театрии он аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, бахусус ҷавонон беш аз 600 нафар иштирок намуданд.

Дар баробари ҳунарнамоии ҳунармандони Театр-студияи «Хандинкамон», инчунин озмуни расми беҳтарин баргузор гардид. Ғолибони озмун аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Иқдоми мазкур то 20 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД