Безарар гардонидани як нафар қочоқчӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

0
2505

Шаби 22 ба 23 июни соли ҷорӣ дар асоси хабари оперативӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳудуди деҳаи Деҳқозӣ ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

4 нафар қочоқчиёни мусаллаҳи афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ва сарҳадбонон додани фармон оиди таслим шудан, қочоқчиён муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Дар натиҷа миёни қочоқчиён ва гурӯҳи оперативии таъсисдодашуда тирпарронӣ ба амал омад. Дар рафти тирпарронӣ гурӯҳи қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади марди 25-30 сола бо аломатҳои захм аз тири оташфишон дарёфт карда шуд. Инчунин се адад борхалта бо маводи хамирмонанд ошкор гардид.

Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда афюн бо вазни 23 килограмм 140 грамм ва гашиш бо вазни 945 грамм мебошад. Вазни умумии маводи боздоштшуда 24 кг 85 граммро ташкил менамояд.

Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД