Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилояти Суғд зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд

0
1626

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” ва тибқи иҷроиши Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷаббор Расулов 22 300 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд. Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД