Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилояти Суғд зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд

0
1372

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” ва тибқи иҷроиши Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир»

дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 1,5 гектар 31 500 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД