Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд

0
1710

Тибқи иҷроиши Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи гузаронидани марҳилаи дуюми амалиёти “Кӯкнор-2015” дар канори роҳи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров ба миқдори 11 543 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД