Дар натиҷаи амалиёти муштарак дар Россия нашъаҷаллоб дастгир гардид

0
1698

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри СанктПетербург амалиёти муштарак бо усули “таҳвили назоратшаванда” гузарониданд, ки дар натиҷа шаҳрванди Федератсияи Россия Аъзамов Шокир Пилоғо оғлӣ бо 5 кг героин дастгир гардид.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурда ҳамчун саркардаи гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳудуди шаҳри СанктПетербург бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошад.

Оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри СанктПетербург парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Чораҳои минбаъдаи оперативӣ-тафтишотӣ оид ба дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани дигар аъзоёни ин гурӯҳи нашъаҷаллоб андешида шуда истодаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД