Дар Ҷумҳурии Корея конфронси 25-уми байналмилалии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид

0
1406

22 сентябри соли 2015 дар шаҳри Чеҷуи Ҷумҳурии Корея конфронси 25-уми байналмилалии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ (ADLOMICO) оғоз гардид, ки дар кори он роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротӣ аз 27 кишвар ва 8 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии конфронс Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд. Баъдан дар ҳузури иштирокчиёни конфронс Созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқобилат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Корея ва роҳбари Департамент оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди минбаъдаи он муҳокима гардиданд.

23 сентябр ба диққати ҳозирин муаррифинома (презентатсия) оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, чораҳои андешида ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, рушди ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон пешкаш гардид, ки мавриди таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронс гардид.

Конфронс 24 сентябр кори худро ба анҷом мерасонад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД