Дар Россия зан – шаҳрванди Озарбойҷон барои нашъаҷолобӣ дастгир гардид

0
1225

Дар Доғистон сокини маҳаллӣ ва зан – шаҳрванди Озарбойҷон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки тавассути сарҳади Федератсияи Россия интиқол дода мешуд, дастгир карда шуданд.

Чуноне, ки агентии иттилоотии Vesti. Az бо истинод ба Васоити ахбори оммаи Россия иттилоъ медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расидааст ва барои қабул намудани қарори ниҳоӣ ба суд фиристода шудааст.

Аз рӯи маълумоти Кумитаи тафтишотӣ, нашъаҷалобон якчанд маротиба миқдори аз ҳад зиёди афюни озарбойҷониро ба минтақаи Федератсияи Россия оварда будаанд. Ҳодисаи охироне, ки ба анҷом расид, моҳи майи соли гузашта қайд гардида буд. Он гоҳ ҷинояткорон тавассути сарҳад зиёда аз 278 грамм маводи манъшударо, ки дарҳол баъди воридот қисмаш фурӯхта гардид, гузарониданд, боқимондаашро кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва мусодира намуданд.

Парванда оиди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба суди ноҳияи Магарамент супурда шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД