Дар вилояти Суғд прапоршик бо маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1338

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар прапоршики яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ сумкаи полиэтиленӣ бо 2,5 кг гашиш мусодира гардид. Кормандони оперативӣ ҳаммаслаки ӯ – донишҷӯи курси якуми литсеи шаҳриро дастгир намуданд.

Инчунин, дар чорчӯбаи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор гардид, ки ҳамаи онҳо дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД