Таҷлили ҷашни Агентӣ дар вилояти Суғд

0
1734

Бахшида ба 17-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси вилояти Суғд, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, рӯзноманигорон, собиқадорон ва ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.


Муовини якуми раиси вилояти Суғд дар баромади худ саҳми кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғдро дар радифи дигар мақомоти вилоятӣ дар мавриди муқовимати оштинопазир алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмин намудани фазои амну суботи сиёсӣ дар вилоят ва умуман дар саросари кишварамон шоистаи таҳсин шуморид.

Дар ҷараёни ҷамъомад фармоишоти Директори Агентӣ доир ба сарфароз гардонидани як идда кормандони Раёсат ба рутбаҳои навбатӣ, нишони сарисинагии “Аълочии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қироат гардид.

Ҳамчунин бо ширкати ҳайати комиссия ва намояндагони васоити ахбори омма 27 кг 134 грамм мухаддирот, ки аз зиёда аз 16 кг маводи нашъаовари навъи ҳашиш, зиёда аз 9 кг маводи нашъаовари навъи афюн иборат буд, дар бухории махсус нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД