Дар вилояти Суғд марҳалаи якуми амалиёти “Кӯкнор-2015” ҷамъбаст гардид

0
1342

Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ҷаласа доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои марҳалаи якуми амалиёти «Кӯкнор–2015» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Раёсати АНМН ва аъзоёни Ситоди кории вилоятӣ, раисони ситодҳои кории маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Нахуст роҳбари Ситоди кории амалиёти «Кӯкнор–2015» суханронӣ намуда, баён дошт, ки амалиёти саросарии «Кӯкнор», ки ҳамасола дар ду марҳала ҷараён мегирад, бо мақсади бастани масири қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои дорои маводи нашъадори ғайриқонунӣ ва худрӯй роҳандозӣ карда мешавад.

Баъдан сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд оид ба дастовардҳои фаъолияти хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни марҳалаи аввали амалиёти «Кӯкнор–2015» гузориш дода, қайд намуд, ки дар давраи мазкур маҷмӯан 56 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба сабт расида, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 128 кг навъҳои мухталифи маводи нашъаовар мусодира шудаанд, ки зиёда аз 9 кг-ро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.

Аз тарафи гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилоят 108 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор карда шуда, 2 миллиону 75 ҳазору 242 бех ин навъи растанӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.

Ҷаласа бо муҳокимарониҳои иштирокчиён ва таклифу пешниҳодот доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва вазифагузориҳо ба марҳалаи дуюми амалиёти «Кӯкнор–2015» ба хотима расид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД