Рафти амалиёти «Кӯкнор-2016» дар вилояти Суғд

0
1843

Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боз як ҳолати сабзиши бангдонаи худрӯйро ошкор намуданд.


Санаи 30 июни соли ҷорӣ дар заминҳои бригадаи 32-юми ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров сабзиши 18 ҳазору 600 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва решакан карда шуда, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомти ҳифзу ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тариқи оташ задан нобуд карда шуд.

Дар баробари ин аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ба аҳли коркунони ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаев доир ба ҳадаф ва зарурати баргузории амалиёти ҳарсолаи кӯкнор изҳори ақида карда шуда, таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилоят аз тарафи мақомоти марбута бо ҷалби тамоми аҳли ҷомеа амалиёти «Кӯкнор» ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, бастани масири қочоқи мухаддирот дар марзи вилоят, дарёфт ва нобудсозии растаниҳои дорои маводи нашъаовари парваришшуда ва худрӯй, андешидани чораҳо бобати пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ ба роҳ монда шудаанд.

Зикр карда шуд, ки дар давраи амалиёти «Кӯкнор-2016» аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ зиёда аз 68 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худрӯй дарёфт ва нобуд карда шудааст.

Амалиёти «Кӯкнор 2016» дар вилояти Суғд идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД