Дар вилояти Суғд чорабиниҳои зиддинашъамандӣ давом доранд

0
1315

Барои кишвари мо нашъа ва нашъамандӣ баъди пош хӯрдани империяи абарқудрати Шӯравии собиқ арзи вуҷуд намудааст. Муҳимтар аз ҳама ин дарди ҷомеаро эҳсос намоем ва бо қувваи якҷоя садди роҳи паҳн гардидани маводи нашъадор гардем.

Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз тарафи кормандони Раёсати АНМН-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд чорабинии навбатии зидди мухаддиротӣ, миёни устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мавзӯи «Мубориза бо нашъаҷалобиву нашъамандӣ ва роҳҳои пешгири он, натиҷаҳои фаъолияти ҳамдастонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, фаҳмондани оқибатҳои гаравидан ба созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» ба тасвиб расонида шуд.

Байни масъулин ва иштирокчиёни вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД