Вохӯриҳои зиддинашъамандӣ дар вилояти Суғд

0
1302
K

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ба номи Карим Абдулов ва №3 шаҳри Чкалов дар ҳузури васеи омӯзгорону хонандагон ва волидони хонандагони мактаби мазкур кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии маърифатӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯриҳо ҳамчунин масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъба ва бахшҳои Вазорати умури дохила, маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов ширкат варзиданд.

Намояндаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд доир ба сиёсати зиддинашъамандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, тазаккур дод, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати мазкур ва ҷилавгирии ҷавонону наврасон аз гароиш ба созмону ҷараёнҳои ифротиву террористӣ ва мазҳабии тундгаро, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дидору сӯҳбатҳои мустақим бо ҷалби табақаҳои мухталифи аҳолӣ аз манфиат орӣ нахоҳад буд.

Ёдоварӣ шуд, ки феълан башариятро хатарҳои азиме аз зумраи нашъамандиву бемории дармоннопазири Вируси норасоии масунияти одам таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз мебояд ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва фазои амну осоиш ҳар фарди солимандеш сарфи назар аз солу ҷинс ва касбу кор дар набарди дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти рӯ ба тавсеаи номбурда бо дарки масъулият ва эҳсоси хештаншиносиву ояндабинӣ истодагарӣ намуда, ба фардои дурахшони меҳани аҷдодии худ ҳисса гузорад.

Зимни ҷамъомадҳо ҳамчунин таъкид шуд, ки қабл аз ҳама омилҳои даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷалб шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва сӯиистеъмоли ғайритиббии маводи нашъаоварро аз поин будани тарбияи хонаводагӣ ва беназоратии волидон суроғ кард.

Дар баробари ин ба ҳозирин доир ба нишона ва оқибатҳои тиббии бемории нашъамандӣ, Вируси норасоии масунияти одам ва шеваҳои сироят ба он, аз ҷумла тариқи нашъамандии тазриқӣ ва масъулияти ҷиноии содиркунандагони ҷиноёти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал ироа карда шуд.

Маъмурияти дабистонҳо аз иқдоми Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бобати доир намудани ин қабил вохӯриҳои судманд сидқан пазироӣ намуда, изҳори омодагӣ кард, ки минбаъд низ вохӯриву сӯҳбатҳои маърифатӣ ва чорабиниҳои варзишӣ-фароғатиро бо мӯҳтавои зиддинашъамандӣ баргузор хоҳанд кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД