Дар вилояти Суғд маводи нашъаовар нобуд карда шуд

0
1488

Санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарафи 23-юмин солгарди таъсиси Артиши Миллӣ маросими нобудсозии маводи нашъаовар, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, баргузор гардид.


Дар ин чорабинӣ дар қатори роҳбарият ва шахсони масъули Раёсат, прокурори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳои прокуратураи вилояти Суғд, иҷрочиёни суди шаҳри Хуҷанд ва намояндагони ВАО-и вилоят ширкат намуданд.

Дар асоси 49 иҷроварақаи мақомоти судӣ маҷмӯан 117 кг 244 грамм намудҳои мухталифи маводи нашъаовар аз ҷумла 81 кг 391 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш», 30 кг 66 грамм маводи нашъаовари навъи «героин», 3 кг 880 грамм маводи нашъаовари навъи «афюн» ва 1 кг 905 грамм маводи нашъаовари навъи «бангдона» дар бухории махсус бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Маросими мазкур аз тариқи шабакаҳои маҳаллии телевизионӣ сабт ва ишъикос карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД