Дар пойтахт гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир гардид

0
1401
C

Моҳи августи соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии “Емеляново”-и шаҳри Красноярск аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳангоми кӯшиши интиқоли зиёда аз 3 кг героин ба тариқи тайёраи хатсайри Душанбе-Красноярск шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуда буд.

Бо мақсади муайян намудани робитаҳои ҷиноии шаҳрванди дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи моддаи 322 қ.1 КҶ ҶТ (“Хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи нақлиёт ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ созмон дода шуд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе се нафар сокинони пойтахт дастгир гардиданд, ки онҳо бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат менамуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи нақлиёти ҶТ аз рӯи моддаи 289 қ. 2 “(“Қочоқ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи ниҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД