Дар пойтахт чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ давом доранд

0
1628

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар маҳаллаи “Шодиёна”–и пойтахт бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, нигоҳдории саломатии насли наврас, эмин доштани онҳо аз хатари истеъмоли маводи нашъадор баррасӣ гардиданд. Кормандони Агентӣ бо сокинон оиди оқибатҳои фоҷиаовари истеъмоли маводи нашъадор, омилҳои номатлуби даст задан ба истеъмоли нашъа, оиди сироятшавӣ бо вирусҳои ВНМО (СПИД),


Гепатити С, содир намудани ҷиноят аз тарафи наврасон сӯҳбат гузарониданд. Қайд гардид, ки дар баробари мактабҳо волидайн низ барои дар роҳи дуруст тарбия намудани кӯдакони худ бояд масъулият дошта бошанд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД