ДАР ПОЙТАХТ КОРҲО ОИД БА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ ДАВОМ ДОРАНД

0
1251

Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори мактаби таҳсилоти умумии № 30 дар байни волидони толибилмони синфҳои болоӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз – пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши

маводи нашъадор инчунин шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, задухӯрди гурӯҳҳои ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуни вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода М., намояндагони бахши занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва занони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Инчунин, намояндагон оиди зарари истеъмоли муходдирот ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз кормандони Агентӣ дар марказҳои дилхушии “Пойтахт”, воқеъ дар ш. Душанбе ва “ОАЗИС”, воқеъ дар деҳаи Оқ-Қурғони ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ баргузор намуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур масъалаи дар байни ҷавононе, ки барои фароғат кардан меоянд, пешгирии паҳншавӣ, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва зарари он ба инсон баррасӣ гардида, ба кормандони марказҳои дилхушӣ дастурҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дода шуд.

Дар охири сӯҳбат дар даромадгоҳҳои марказҳои дилхушии мазкур плакатҳои иттилоотии зиддинашъамандӣ насб гардида, ба ҳайати кормандони ин марказҳо буклетҳо ва варақаҳои зидднашъамандӣ дода шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД