Иштироки кормандони Агентӣ дар корҳои ободонии пойтахт

0
1219

Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ» таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт!» кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ободонии пойтахт саҳми муносиб мегузоранд.
Агентӣ баҳри иҷрои иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ривоҷу равнақ додани варзиш, оммавӣ гардонидани он ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш тасмим гирифтааст, ки дар маҳаллаи 42-юми пойтахт майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд ва майдончаи кӯдаконаро сохта ва ба истифода диҳад.
Бо ин мақсад кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ рӯзи 22 апрел ба ҳашари умумӣ баромада, корҳои омодагиро барои насб намудани панҷараи атрофи майдонча ва асбобу олати варзишӣ, аз қабили турник ва арғунчак барои кӯдакон ба итмом расониданд.
Инчунин корҳои зиёд ҷиҳати таъмири ҳавзи кӯдакона дар масоҳати зиёда аз 100 метри квадратӣ ва гулу гулзор намудани гирду атрофи майдончаҳо анҷом расонида шуданд. Зиёда аз 120 метр роҳравҳо барои сайру гашти сокинони маҳалла ва айвони истироҳатӣ барои 15 ҷойи нишаст сохта шуданд.
Кормандони Агентӣ майдони зиёда аз 1,2 ҳазор метри квадратиро побел намуда, аз сангу кулух тоза карданд. Мутобиқи нақша ин майдон кабудизор карда шуда, дар он дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД