Дар Тоҷикистон машқҳои зиддимухаддиротии “Гром-2015” анҷом ёфтанд

0
1332

Тавре қаблан иттило дода шуда буд, аз 24 август то 3 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” баргузор гардиданд.

27 август дар машқгоҳи “Фахробод” намоиши машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд (Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон) баргузор гардид.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар машқҳо ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Машқҳо бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ ва каминӣ оид ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар самтҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Аз рафти машқҳо роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, Котиботи СААД, намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, мушоҳида намуданд.

Дар рафти машқҳо дастаҳо намудҳои гуногуни техникаи ҷангӣ, аз ҷумла ошкор ва ҳуҷум намудан ба тарёкхонаҳо, мусодираи маводи нашъаовар, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, зада гардондани ҳуҷуми душман ба объектҳои мақомот, дастгир намудани ҷинояткороне, ки тавассути автомашинаҳо сарҳадро убур мекунанд, инчунин чорабиниҳои махсусро оид ба кофтуков, безараргардонии гуруҳҳои ҷиноятпеша ва озод намудани гаравгонон, намоиш доданд.

Дар нимаи дуюми рузи 27 августи соли ҷорӣ дар машқгоҳи мазкур мусобиқаи тирпаронӣ миёни дастаҳои таъиноти махсуси ба Машқҳо сафарбаршаванда гузаронида шуд

Аз 29 август то 02 сентябри соли 2015 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми машқҳои махсуси тактикии “Гром-205” шуда гузашт.

Дар марҳилаи дуюми машқҳо баромадҳои машқӣ-тамринии гурӯҳҳои омехтаи ҷузъу томҳои таъиноти махсус оид ба бастани масирҳои қочоқи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои интиқоли эҳтимолии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Дар рафти марҳилаи дуюм гурӯҳҳо ҳаракатҳои кофтуковиро дар хатсайрҳои қочоқи маводи нашъаовар, муҳосира намудани ҷойҳои муваққатии нигаҳдории маводи нашъаовар ва забт кардани он, азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳои эҳтимолии қочоқи маводи нашъаовар тамрин намуданд.

Дар машқгоҳи “Момирак”-и базаи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия Ситоди саҳроӣ таъсис дода шуд. Инчунин 4 гурӯҳи омехташудаи таъиноти махсус ва 2 дидбонгоҳҳои сайёр барои азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт ташкил карда шуданд.

Дар рафти машқҳо масъалаҳои гузаронидани амалҳои ҷустуҷӯӣ ва каминӣ дар масирҳои қочоқи маводи нашъаовар, муҳосира ва ғасб намудани анборҳои нигоҳдории маводи нашъаовар, ташкил ва таъмини амнияти гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ, ташкили чорабиниҳои азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ дар масирҳои интиқоли маводи нашъаовар таҳия карда шуданд.

Санаи 3 сентябр ҷорӣ дар дидбонгоҳи “Момирак” маросими пӯшида эълон намудани Машқҳои тактикӣ – махсуси “Гром-2015” баргузор гардид. Ба иштирокчиёни Машқҳо медалҳо, ифтихорнома, раҳматнома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ғайра тақдим гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо ба ҳал намудани вазифаҳои амалӣ оид ба такмил додани механизми ҳамкории зиддимухаддиротӣ ва ба эътидол овардани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД