Дар Тоҷикистон натиҷаҳои марҳилаи якуми амалиёти “Кӯкнор-2017” баррасӣ гардиданд

0
1283

12 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои марҳилаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2017” бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар амалиёти мазкур, ки марҳилаи якуми он аз 20 май то 31 август давом ёфт, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар рафти баргузории марҳилаи якуми амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 410 ҳолати вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор карда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 542 кг 582 гр маводи нашъаовар ва 4 746 дона ҳабҳои синтетикӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд. Инчунин, дар ин давра 1 миллиону 346 ҳазору 649 бех ниҳолҳои нашъадори худрӯй дарёфт ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.
Бо мақсади пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар нақшаҳои чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он байни табақаҳои мухталифи аҳолии ҷумҳурӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Ба диққати ҳозирин маълумотнома оиди ҷараёни иҷроиши марҳилаи якуми амалиёт аз ҷониби ситодҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пешкаш карда шуд.
Пешниҳодҳои намояндагони як қатор вазорату идораҳо нисбати беҳтар гардонидани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба инобат гирифта шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД