Дар Тошканд ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ баргузор гардид

0
1791

22 феврали соли 2016 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Самад Зафар иштирок намуд.

Ҷаласа бо мақсади дида баромадан ва тасдиқ намудани ҳайати аъзоёни кумитаи роҳбарикунанда, интихоби раис ва раисикунанда, муҳокимаи натиҷаҳои таҳияи Барнома ва шарҳи натиҷаҳои таҳияи он баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коҳиши талабот ба воситаҳои нашъадор, пешгирии ВНМО, адлияи ҷиноятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар чорчӯбаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (с.с. 2015-2019) муҳокима гардиданд.

25022016tash2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД