Дар шаҳри Теҳрон вохӯрии вазирон ва роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид

0
1315

16 феврали соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон дуюмин вохӯрии байналмилалии вазирон ва роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои минтақа таҳти унвони “Арзёбӣ ва беҳсозии вазъи маводи нашъаовар” баргузор гардид, ки аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил карда шуд.

Вохӯрии аввалини байналмилалии вазирон ва роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 29 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ШМА, Россия, намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

баргузор гардида буд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор дода буданд, ки минбаъд вохӯриҳо дар ин сатҳ ҳамчун “Муколамаи Душанбе” дониста шаванд.

Дар вохӯрии дуюм роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Покистон, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ Муовини Котиби Генералии СММ – Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов муроҷиат намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, роҳҳои инкишоф додани ҳамкорӣ дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони ҳайатҳо доир ба ин масъалаҳо мавқеъ ва андешаҳои худро иброз намуданд ва омодагии худро барои вусъат додани муборизаи муштарак баён намуданд. Таъкид гардид, ки фақат муборизаи муштарак ва дастаҷамъона метавонад пеши тамоюлҳои манфии интиқоли маводи нашъаоварро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо гирад.

Тоҷикистонро дар вохӯрии мазкур муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ҳ. Маҳмудзода муаррифӣ намуд ва доир ба рафти иҷрои Изҳороти муштараки “Муколамаи Душанбе”, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамкорӣ бо мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, гузаронидани амалиётҳои якҷоя, пурзӯр намудани ҳамкориҳои муштарак иттилоот дод.

Инчунин ба ҳозирин дар бораи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси дар соли 2015 дар шаҳри Душанбе гузаронидани Конфронси минтақавии СҲШ дар сатҳи олӣ бо иштироки давлатҳои нозир, шарикони мусоҳибавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои маводи нашъаовар маълумот дода шуд.

Дар поёни вохӯрӣ иштирокчиён Изҳороти муштаракро қабул намуда, пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар хусуси гузаронидани Вохӯрии навбатӣ дар соли 2016 дар ин кишвар, пазируфтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД