Дар Уляновск зодаи Озарбойҷон бо бастаи героин дастгир гардид

0
1303

Вазни маводи нашъаовар зиёда аз 110 граммро ташкил дод.

Дар Уляновск яке аз шарикони гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буд, дастгир намуданд. Кормандони Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати моумилоти маводи нашъаовар дар маркази шаҳр зодаи 54-солаи Озарбойҷонро дастгир намуданд. Аз кисаи паҳлуи нимтанаи ӯ зиёда аз 110 грамм героинро дарёфт намуданд, ки ин миқдори махсусан калон арзёбӣ мегардад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи давом доранд ва аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳ муайян карда мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД