Дар Раёсати Агентӣ семинари таҳлилгарон оғоз гардид

0
1416

Аз тарафи шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз санаи 14-уми март семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд, ки то санаи 18 марти соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.


Ба семинари мазкур намояндагони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои Раёсати Агентӣ дар минтақаи Зарафшон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд даъват шудаанд.

Дар рафти ифтитоҳи семинар сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд М. Ҳотамӣ андешаи худро баён намуда, омодагии ҳамаҷонибаи Раёсати Агентиро дар ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ҷиҳати муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ изҳор дошт, инчунин гузаронидани ин қабил семинарҳои омӯзиширо дар баланд бардоштани савияи дониши касбии иштирокчиён муҳим арзёбӣ намуд.

Тавре иштирокчиёни семинар иброз доштанд, мақсад аз баргузории он расонидани ёрии амалӣ ба масъулин оид ба омода кардани ҳисоботҳо ва табодули маълумот байни мақомотҳо доир ба мусодираи маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мебошад.

Кори семинар бо муаррифии наворҳо ва табодули саволу ҷавоб ҷараён дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД