Дар Маркази таълимии Агентӣ марҳилаи дуюми тренинги омӯзишӣ оғоз ёфт

0
1215

Дар доираи лоиҳаи “Шабакаҳои итттилоотӣ қад-қади масири героин” марҳилаи дуюми барномаи “Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қад-қади масири героин”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, инчунин Хадамоти гумрук ва Идораи полиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз 5 то 17 октябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар мавзӯъҳои гуногуни самти зиддимухаддиротӣ тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Дар тренингҳо аз тарафи мутахассисон мавзӯъҳои вазъи нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ, қонунгузорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, дар бораи оқибатҳои фалокатбори сӯистифодаи мухаддирот, ташкили назорати прекурсорҳо ва ғайра баррасӣ гардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар рафти омӯзиш донишу малака, ки барои пешгирии самараноки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор, муайян намудани нуқтаҳои асосии таъинот ва хатсайрҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути сарҳад зарур аст, пешкаш карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД