ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ АГЕНТӢ КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

0
1270

Тибқи қароре, ки дар вохӯрии гурӯҳи кории роҳбарони ҷузъу томҳои иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Агентӣ қабул шуда буд, 2 ноябр дар заминаи Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинги чоррӯза барои кормандони шуъбаҳои таҳлилии Агентӣ, ВКД, КДАМ, СҚС КДАМ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ нисбати омода сохтани маводи оморӣ ва ҳисобот аз рӯи натиҷаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз гардид.

Дар рафти тренинг кормандони ҷузъу томҳои таҳлилӣ имкониятҳои асосии барномаҳои компютерии MS Excel-ро дар коркарди маводҳои омории вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар меомӯзанд.

Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД