Дар Маркази таълимии Агентӣ курсҳои омӯзишӣ анҷом ёфтанд

0
2301

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани курсҳои махсуси тайёрии ҳарбӣ-хизматӣ бо кормандони ҷавон ва нав ба кор қабул шудаи Агентӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 24 ноябр курсҳои омӯзишӣ ба анҷом расиданд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардида буд.
Дар маросими супоридани сертификатҳо Муовини Директори Агентӣ М. Ҳайдарзода иштирок намуд.
Дар рафти омӯзиш устодони таҷрибадор ба кормандони ҷавон дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, тартиби гузаштани хизмат дар Агентӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таълим гирифтанд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида шуданд.

24112016-2-min

24112016-3-min

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД