ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ АГЕНТӢ КУРСҲОИ ЯКМОҲА ОҒОЗ ГАРДИДАНД

0
1272

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани курсҳои махсуси тайёрии ҳарбӣ-хизматӣ бо кормандони ҷавон ва нав ба кор қабул шудаи Агентӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 16 ноябр курсҳои якмоҳа оғоз гардиданд.

Дар рафти омӯзиш устодони таҷрибадор ба кормандони ҷавон дар бораи фаъолияти Ситод, пешгирии нашъамандӣ, тартиби гузаштани хизмат дар Агентӣ, корҳои тафтишотӣ, фаъолияти оперативиӣ-ҷустуҷӯӣ, Кодекси шарафи хизматчии давлатӣ ва оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ иттилоот медиҳанд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида мешаванд.

Баъди анҷоми курсҳо санҷиш гирифта шуда, сертификатҳои мутобиқ супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД