Дар Маркази таълимии Агентӣ машғулиятҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд

0
1435

8 май дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.
Дастурдеҳон аз Академияи байналмилалии Туркия оид ба маводи мухаддир (ТАДОК) кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ВКД ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ-ро оид ба усулҳои роҳандозӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мубориза ба зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар омӯзиш медиҳанд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд.
Баъди анҷоми машғулиятҳо ба шунавандагон сертификатҳои дахлдор супорида мешаванд. 8052017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД