Дар маркази таълимии агентӣ курсҳои омзӯшӣ оғоз гардиданд

0
1932

    Мутобиқи Нақшаи гузаронидани курсҳои махсуси тайёрии ҳарбӣ-хизматӣ бо кормандони ҷавон ва нав ба кор қабул шудаи Агентӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 8 ноябр курсҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардидааст. Дар ифтитоҳи чорабинӣ дар назди кормандони ҷавон муовини якуми Директори Агентӣ Самад Зафар ва Роҳбари Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хонум Амелия Ханнафорд баромад намуданд. Дар рафти омӯзиш устодони таҷрибадор ба кормандони ҷавон дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, тартиби гузаштани хизмат дар Агентӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаранд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида мешаванд. Баъди анҷоми курсҳо санҷиш гирифта шуда, сертификатҳои дахлдор супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД