Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд шаҳрвандон бо маводи нашъаовар ва тирҳои ҷангӣ дастгир гардиданд

0
1474

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ сокини 27-сола – хизматчии соҳаи хизматрасонӣ дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селлофанӣ бо маводи бӯи махсус дошта ёфт ва мусодира гардид. Дар рафти бурдани корҳои оперативӣ шахсияти касе, ки ба ӯ маводи нашъаоварро фурӯхт, муайян гардид. Аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ фурӯшандаи маводи нашъаовар – сокини 32-солаи ноҳияи Хуросон дар манзили зист дастгир гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он қариб 4 килограмм мебошад.

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ автомашинаи сабукрави тамғаи “”Мерседес-бенс” боздошт гардид. Дар рафти кофтукови дохили автомашина аз зери нишастгоҳи қисми қафои он як адад баста бо маводи ҷигариранг, инчунин 24 дона тирҳои қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи экспертиза маводи мусодирашуда гашиш мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, тирҳо ҷангӣ буда, коршоям мебошанд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сержанти яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бинобар доштани хусумати шахсӣ маводи нашъаовар ва тирҳоро дар автомашинаи шаҳрванд пинҳон намуда, сипас ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи телефон хабар медиҳад. Айни ҳол хизматчии ҳарбӣ дастгир гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардидаанд.

Дар доираи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 6 340 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

Дар ҳузури комиссия ҳамаи ниҳолҳо бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД