Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд се шаҳрванд бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1435

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти амалӣ намудани чораҳои оперативӣ шаҳрвандро дастгир намуданд. Дар рафти кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаро ёфт ва мусодира намуданд, ки бӯи махсус дошт. Баъдан кормандони оперативӣ дар хонаи дастгиршуда бо истифода аз саги хизматӣ кофтуков намуданд ва дар дохили зарф бо ранг маводи монандро ошкор ва мусодира намуданд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ҳаммаслаки ӯ муайян ва дастгир гардид, ки дар рафти кофтукови хонааш 7 баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта ёфт ва мусодира гардид. Соҳиби хона иқрор шуд, ки маводи мусодирашуда ба ӯ тааллуқ дорад.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи ошкоргардида афюн мебошад.

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ дар шаҳри Панҷакент шаҳрвандро дастгир намуданд, ки дар рафти кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаи селлофанӣ бо маводи бӯи махсус дошта ёфт ва мусодира гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии ШВКД-и шаҳри Панҷакент муайян намуданд, маводи мусодирашуда бангдонаи хушконида мебошад.

Нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Се нафар дастгиршудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД